Оҷонсӣ корманди давлатиеро барои фасоди молӣ дастгир кард: ба корафтода зарар расонидааст

Як корманди давлатӣ барои зарари калони моддӣ ба корафтодае расониданаш дастгир шудааст. Дар сурати тасдиқи айбдорӣ ӯро ҷарима ва ё зиндон интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод мутахассиси КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-ро ин бор дар шаҳри Истаравшан боздошт кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, дастгиршуда П.М. бо иттиҳоми сӯистифодаи мансаб ва содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ дастгир шуд.
Гуфта мешавад, вай аз корафтодае барои мусоидат намудан, ҷиҳати гирифтани шаҳодатномаи истифодабарии замин ва шаҳодатномаи қонунигардонии дороиҳои манзил 33000 сомониро бо роҳи фиреб гирифтааст.
Гуфта мешавад, муттаҳам бо ин кораш ба шаҳрванд зарари калони моддӣ расонидааст.
Бинобар ин нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247, қисми 3, банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ба масъулини шаҳрдории Душанбе роҳи бартараф кардани коррупсияро гуфтанд
Моддаи 247 қаллобӣ буда, банди мазкур, ҷарима ба андозаи қариб 100 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт солро пешбинӣ мекунад.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун ироа нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошти корманди ин ниҳод нест. Оҷонсӣ тайи ним сол бештар аз ҳама аз боздошти кормандони ин ниҳод хабар додааст.
Қаблан ин ниҳод аксаран бо иттиҳоми ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши замин кормандон ва ҳатто роҳбарони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳру навоҳии Ваҳдат, Варзоб, Ҷайҳун, Вахш, Дӯстӣ, Б.Ғафуров, шаҳри Ҳисор ва ғайраро боздошт карда буд.