Ду ноҳияи Хатлон нақшаи даъватро иҷро карданд

Дар Хатлон бахшида ба маъракаи баҳории даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ Рӯзи даъватшаванда бо иштироки мақомдорони вилоят баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Аз аввалинҳо шуда, дар ҷануби Тоҷикистон ноҳияҳои Фархор ва Вахш нақшаи даъватро иҷро намуданд, иттилоъ дод нашрияи расмии вилоят.
Ба иттилои манбаъ, ба ин муносибат бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Фархору Вахш, аъзои комиссияи даъватӣ, фаъолон, даъватшавандагон ва волидони онҳо чорабинии "Рӯзи даъватшаванда" баргузор гардид.
"Таъкид гардид, ки хизмат ба Ватан барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус қарз мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷавонмард бояд ин қарзи худро дар назди Ватан бо хизмати софдилона ва руҳияи ҷавонмардона иҷро намояд", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ бамаротиб беҳтар гардида, давоми хизмати ҳарбӣ ҷавонон дониши сиёсӣ-ҳарбии худро баланд мебардоранд.
Илова гардидаст, ки ҷавонон ҳамчунин дар артиш ҷисману руҳан обутоб ёфта, бо сари баланд ба назди волидони худ бармегарданд, ки ин мояи ифтихору сарфарозии ҳар як падару модар мешавад.
ВМКБ нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро кард
Дар ин чорабиниҳо ҳамчунин дигар иштирокдорон, аз ҷумла даъватшавандаҳо ва волидони онҳо оид ба хизмати Ватан-Модар андешаронӣ намуда, ба ҷавонон дар ҷодаи хизмати Ватан садоқатмандӣ таманно карданд.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ дар маросими мутантани "Рӯзи даъватшаванда" беш аз ҳазор нафар даъватшавандаҳо бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз 1 апрел мавсими баҳории даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 31 май идома мекунад.