ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Мақомоти Киев дар роҳи нодуруст қарор доранд, ки боиси нобудияшон хоҳад шуд, изҳор доштаст хоҳари Ким Чен Ин ва муовини раиси Кумитаи марказии Ҳизби коргари Кореяияи Шимолӣ, Ким Ё Чжон.
Ин нуктаро аз қавли ӯ, Агентии марказии телеграфии Кореяи Шимолӣ овардааст.
Ба гуфтаи Ким Ё Чжон, президенти Украина, Владимир Зеленский гирифтори бузургманишии табобатнашаванда шудааст, ки иддао дорад, метавонанд Русияро мағлуб кунад.
Вай таъкид намудаст, ки мақомоти Украина наметавонанд бубинанд, ин иқдом чӣ паёмад хоҳанд дошт.
Ӯ аз фалокати ҳастаӣ ҳушдор додаст, ки мақомдорони украинӣ метавонанд ба сари худ оранд.
Ким Ё Чжон изҳор доштаст, ки суханони Зеленский дар бораи истиқрори силоҳи ҳастаии ИМА ё таҳияи худаш сарнавишти кишвар ва мардумро дар хатар гузошта, ғаразҳои хатарноки сиёсии ӯро нишон медиҳанд.
Вай афзуд, раисиҷумҳури Украина, ки аслан ба муқовимат ба Маскав қодир набуд, ҳоло ба Амрико ҳамчун хоҷа менигарад ва гадоӣ мекунад.
"Агар Зеленский интизор дошт, ки танҳо бо пинҳон шудан зери чатрҳои ҳастаии ИМА, ки аллакай дар бисёр ҷойҳо пур аз сӯрохиҳост, метавонанд аз ҳамлаи шадиди Русия канорагирӣ кунад, пас мақомоти Киев бешубҳа роҳи нодурустро пеш гирифтаанд", - илова намудаст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомиро роҳандозӣ кард, ки ҳадафи он ҳимояи одамоне номида шуд, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.