ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Соҳибкорон, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоташонро беасос боло мебаранд, муртакиби гуноҳ мешаванд.
Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Усмоналӣ Нурзода дар суҳбат бо нашрияи расмии вилоят баён доштаст.
Зикр гардидаст, ки бо фаро расидани моҳи Рамазон гарон шудани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум давоми чанд соли охир анъана шудааст ва савдогарон бесабаб нархи маҳсулотро боло мебардоранд.
Нурзода дар шарҳи масъала аз ҳазрати Абуамома ривоят овардааст, ки он нафаре ҳаққи касеро мехӯрад, пас бар гуноҳ мемонад.
"Агар мо гарон фурӯхтани маҳсулотро мисол биёрем ва маҳсулотро аз арзишаш дида болотар мефурӯшем, ин ҳаққи касеро хӯрданро мемонад", - изҳор доштаст ӯ.
Вай тавзеҳ додаст, ҳангоме ки маҳсулотро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд ва харидор бо сабаби эҳтиёҷ доштанаш норозиёна маҳсулотро харидорӣ мекунад, албатта, ин ҳаққи касеро хӯрдан мебошад.
"Пас, маълум мешавад, ки дар ҳоли ба бародари худ дар моҳи муборак раҳм накардану ҳаққи ӯро хӯрдан ба гуноҳ олуда мешавем. Паёмбари Худо мегӯяд, ки беҳтарин шахс ҳамон нафаре ҳаст, ки манфиаташ ба ҷомеа мерасад", - таъкид намудаст руҳонӣ.
Вай аз соҳибкорон хостааст, дар пешниҳоди маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум боинсофона амал кунанд, то тамоми қишрҳои ҷомеа имкони хариди маҳсулоташонро дошта бошанд.