ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Аҳлиддин Баҳодурзода, писари раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба хизмати ҳарбӣ рафт.
Сухангӯи шаҳри Исфара, Зубайдулло Шомадов, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вай дар рӯзи нахустини гусели наваскарон, аз шаҳри Исфара ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст.
“Ӯро ҳисси ватандӯстӣ, муҳаббат ва уҳдадорӣ дар назди Ватан ба хизмати ҳарбӣ водор кард. Зеро Ватан қиматтарин туҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад”, - гуфт Шомадов.
Аҳлиддин Баҳодурзода мутаваллиди соли 2001 ва зодаи Хуҷанд буда, соли гузашта факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Вай нахустфарзанди падар буда, баъди ба Исфара ба кор омадани ӯ муқими ин шаҳр шуд.
Дар даъвати тирамоҳӣ ба сафари нерӯҳои мусаллаҳ Ҷаъфар Ҳайдарзода, муовини раиси шаҳри Исфара, низ фарзанди худро ба хизмати ҳарбӣ фиристода буд.
Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дар бораи ба сафи артиш рафтани фарзандони мансабдорони тоҷик хеле ба нудрат нашр мешавад.
Қаблан артиши Тоҷикистонро артиши “коргару деҳқон” унвон мекарданд, ки ниҳоят раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, дар ин амр мансабдорон намуна бошанд.
Тайи як – ду соли ахир бархе мансабдорон дар сатҳҳои ноҳияву вилоят фарзандони худро ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мефиристанд, аммо теъдоди онҳо хеле кам арзёбӣ мегардад.