Тоҷикистонро боз заминҷунбӣ ларзонд: марказ наздикии ноҳияи Рашт

Кумитаи ҳолатҳои фақулодаи Тоҷикистон заминҷунбии навбатиро дар қаламрави Тоҷикистон сабт намуд ва маркази онро 51 километр дуртар аз ноҳияи Рашт гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Субҳи Тоҷикистон бо заминҷунбии навбатӣ дамид. Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ афзуд, тибқи маълумоти Маркази зилзиласанҷии ҷумҳурӣ, заминҷунбӣ 1 апрел, соати 05:17 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуд.
"Марказаш 132 километр шимолу шарқи Душанбе, 51 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Рашт мебошад", - тавзеҳ дод Юсуфӣ.
Шиддати заминҷунбӣ дар марказ ба 3 дараҷа баробар буд.
Сухангӯи КҲФ гуфт, ин офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надошт.
Чанд ҳафта боз Тоҷикистонро заминҷунбиҳои пайдарпай такон медиҳанд, ки серхисороттаринаш рӯзи 23 март дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рух дод.
Садҳо хона хароб шуд: Эълони хисороти заминларза дар Мастчоҳ
Тибқи маълумоти Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бар асари ин ҳодиса беш аз 300 манзили сокинони ин ноҳия зарар дид.
Ҳамчунин ин заминҷунбӣ ноҳияҳои Рашту Нуробод низ сахт ларзонд, ки дар натиҷа даҳҳо хонаи мардум осебпазир шуд.