Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Дар Қрим шикасти Киевро пешгӯӣ карданд

Роҳбари парлумони Қрим бар ин назар аст, ки лаҳзаи шикасти Киев наздик аст ва он тирамоҳи соли ҷорӣ ба вуҷӯъ хоҳад пайваст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Раиси парлумони Қрим Владимир Константинов бар ин назар аст, ки даргириҳои мусаллаҳона дар Украина бо аз даст додани қудрати комили "хунтаи Киев" ба поён мерасад ва ин кор соли ҷорӣ иттифоқ меафтад.
"Ғалабаи Русия пешакӣ муайян шудааст. Нуқтаи гардиш имсол хоҳад буд. Вазъият ҳоло дар охири муноқиша инкишоф меёбад. Он ба зудӣ хотима намеёбад. Ва он на бо сулҳ, балки бо аз даст додани қудрати комили хунтаи Киев анҷом хоҳад ёфт. Фронти онҳо, ин дарахти фашистӣ, ки солҳо боз парвариданд, шикас мехӯрад", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо РИА Новости.
СААД: Интиқоли аслиҳа ба артиши Украина раванди музокироти сулҳро ғайриимкон месозад
Ба гуфтаи Константинов, даргирии мусаллаҳона бо дубора ба даст овардани назорати Русия бар қаламравҳои таърихии худ хотима меёбад. Ҳамсуҳбати оҷонсӣ бар ин аст, ки ин кор "то тирамоҳ" анҷом меёбад.
"Дар ин ҷо бисёр чиз мувофиқ хоҳад буд: кӯшишҳои мо, кори артиши мо, ки то ин вақт ҳама вазифаҳои ба миёномадаро иҷро мекунанд. Муоширати ман бо бачаҳо дар хатти фронт маро бовар мекунонад, ки воқеаҳо ҳамин тавр инкишоф хоҳанд ёфт", - гуфт раиси парлумон.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.