Эълони ҳукми марде, ки дар Ваҳдат худсарона заминро азхуд кард

Бо ҳукми суд сокини Ваҳдат дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор дониста шуд, нисбаташ ҷарима ба адозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисоб таъйин карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Ваҳдат як сокини маҳаллӣ дар худсарона ишғол намудани замин муттаҳам дониста мешавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, мавсуф бар хилофи қонунгузории замин амал намуда, бидуни қарори раиси шаҳр ва шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин, қитъаи заминро азхуд намудааст.
“Номбурда аз ҳудуди қитъаи замини мансуб ба заминҳои истифодаи умум, 28,6 метри муррабаъ заминро худсарона ишғол намудааст”, - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, гумонбаршуда пас аз ишғоли ғайриқонунии замин дар он ҷо таҳкурсии бетонӣ рехта бо хишт истгоҳи автомобилӣ сохтааст.
Боздошти раисон: парванда алайҳи 252 мансабдор дар Тоҷикистон барои заминфурӯшӣ
Дар ҳамин ҳол, прокурори шаҳри Ваҳдат нисбати ӯ бо моддаи 338 қисми 2- и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ кушода барои анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кард.
Бо ҳукми суд, сокини Ваҳдат гумнаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бароӣар ба 7 480 сомонӣ таъйин карда шуд.
Чанде пеш, Юсуф Раҳмон додситонии кулли Тоҷикистон зимни ҳисобот ба парлумон хабар дод, ки алайҳи 252 нафар шахсони мансабдор барои заминфурӯшӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ӯ гуфт, гарчанде дар самти назорати риояи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин корҳои муайяне шуда бошад ҳам, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома доранд.