Донистани забони русӣ барои довталабони барномаи кӯчонидани ҳамватанон ҳатмӣ шуд

Ҳангоми пешниҳоди аризаи дахлдор бояд дониши забони русиро бо ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот ё ҳангоми мусоҳиба тасдиқ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Хориҷиёне, ки дар доираи барномаи кӯчонидани ҳамватанон қасди гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, акнун бояд донистани забони русиро тасдиқ кунанд.
Ҳангоми пешниҳоди аризаи дахлдор, бояд донистани забони русӣ низ тасдиқ шавад. Фармони дахлдорро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин имзо кардааст.
Тағйирот аз 1 январи соли 2024 эътибор пайдо мекунанд.
Дар ин санад гуфта мешавад, ки қабули дархост ба шарте сурат мегирад, ки довталаб забони русиро дар сатҳи кофӣ "барои гуфтугӯи шифоҳӣ ва хаттӣ дар муҳити забон" медонад.
Пешниҳоди додани шаҳрвандии Русия дар консулгариҳо дар хориҷи кишвар
Донистани забони русиро бо ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот ё ҳангоми мусоҳиба тасдиқ кардан мумкин аст.
Барномаи мусоидат ба кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ ба Русия соли 2006 қабул шуда буд.
Он барои осон кардани кӯчонидани одамоне пешбинӣ шудааст, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ берун аз қаламрави Федератсияи Русия қарор гирифтаанд ва мехоҳанд ба кишвар баргарданд.