ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияиҳо борон ва жола ба амал меояд, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии беш аз 2500 метр барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд низ чунин вазъи ҳаво дар назар аст. Шабона дамои ҳаво то 6-11 ва рӯзона то 18-23 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон танҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳ дар баъзе ҳолатҳои борон ба амал меояд. Ҳамчунин боридани жола ҳам аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-12 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.