Супориши Раҳмон ба мақомоти Суғд дар бораи барқарор намудани корхонаҳои азкормонда

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти Суғд супориш дод, ки сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулотро омӯзанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба мақомоти вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва ислоҳи баъзе лоиҳаҳо камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта, ба роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дод.
“Амалишавии самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, хусусан, бунёди сифатноки иншооти пешбинишуда, харидорӣ ва истифодаи мақсадноки техникаву таҷҳизотро зери назорати доимӣ қарор дода, камбудиҳои дар татбиқи лоиҳаҳо ҷойдоштаро фавран бартараф намоянд”, - таъкид кард раҳбари кишвар.
Раисҷумҳур роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор кард, ки фаъолияти худро бо мақсади татбиқи ҳадафи стратегӣ доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вусъат бахшанд.
Қаноатмандии Раҳмон аз мардуми Суғд ва ободии вилоят
Ҳамзамон вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш гирифт, ки якҷо бо мақомоти Суғд ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор намудани корхонаҳои азкормонда тадбирҳои қатъӣ андешида, барои рушди содироти маҳсулот чораҷӯӣ намояд.
Инчунин, роҳбарону мутахассисони вилоят супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани истеҳсоли баъзе намудҳои маҳсулоти соҳаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва барои пешгирӣ кардани ин раванд чораҳои таъхирнопазир андешанд.