ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) Имангалӣ Тасмагамбетов гуфт, интиқоли силоҳ аз ҷониби кишварҳои Ғарб ба артиши Украина дурнамои анҷоми низоъ тавассути музокиротро аз байн мебарад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Афзоиши ташдиди вазъ дар Украина идома дорад. Интиқоли оммавии навъҳои гуогуни аслиҳа ба минтақаи ҷанг ба дурнамои хотима бахшидани муноқишаро тавассути гуфтушунид амалан аз байн мебарад", - гуфт Тасмагамбетов дар ҷаласаи васеи роҳбарони котибот ва ситоди якҷояи СААД.
Вай кайд кард, ки иғво андохтани ба муноқишаҳо ба тамоми низоми амниятии Аврупо ва ҷаҳон метавонад таъсири манфӣ расонд.
Инчунин дабири кулли СААД зимни суханронии худ аз таҳдидҳои ба минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд омада, аз ҷумла ифротгароӣ ва терроризмро қайд кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ахиран муовини вазири дифои Бритониё Аннабел Голди гуфт, ки Лондон ба ҷуз аз танкҳои Челленҷер-2 ба артиши Украина лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла гулулаҳои тонк дорои уран интиқол хоҳад дод.
Ин иқдоми кишварҳои Ғарб Русия шаддан вокуниш нишон дод. Дар ҷавоб ба ин иқдом Русия эълон кард, ки аслиҳаи тактикии ҳастаиашро дар Белорус ҷойгир хоҳад кард.