Таъсиси стипендияи нави раиси Душанбе: Киҳо метавонанд онро соҳиб шаванд?

Стипендияи раиси шаҳри Душанбе, ки қаблан барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт буд, васеътар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарори ҷадид фарогирии стипендияи шаҳрдориро васеътар кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, Рустами Эмомалӣ қарори нав дар бораи таъсиси стипендияро ба имзо расондааст.
Тибқи ин қарор, стипендияи ҷадид барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Қарори қаблӣ дар бораи стипендияи раиси Душанбе танҳо барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт дахл дошт, ки аз эътибор соқит шуд.
Фармони президент барои боло бурдани маошу стипендия: Аз кӣ чӣ қадар зиёд мешавад?
Мақсади қарори ҷадид дастгирии наврасону ҷавонони лаёқатманду эҷодкор арзёбӣ шудааст.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози амалигардонии стипендияҳои раиси пойтахт муқаррар карда шудааст.
Сарраёсати молия муваззаф шудаст, аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе барои пардохти ҳамасолаи стипендияҳои мазкур маблағи заруриро ба бахши муҳосиботи дастгоҳи раис ҷудо намояд.
Қарори ҷадид дар мавриди стипендия барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод гардидаст.