ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сухангӯи толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар вокуниш ба нигаронии мушовирони амнияти миллии бархе аз кишварҳо дар нишасти аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Ҳинд таъкид кард, ки аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишваре истифода нахоҳад шуд ва кишварҳо набояд нигаронӣ дар ин бора дошта бошанд, иттилоъ додааст "радио дарӣ".
Вай афзуд,тамомии ҷуғрофиёии Афғонистон таҳти кантроли неруҳои амниятӣ аст ва ба касе иҷозаи таҳдиди соири кишварҳо аз хоки Афғонистон эҷоди ноамнӣ дода намешавад.
Оқои Муҷоҳид бо ишора ба нигаронии бархе кишварҳо аз ҳузури ДОИШ* дар Афғонистон низ тасреҳ кард, ки ин гуруҳи террористӣ дар ҳоли нобӯд шудан аст.
“Бинобар ин ДОИШ*-ро таҳдиди хитоб кардан ва ё нигаронӣ аз ҳузури он дар Афғонистони нодуруст ва давр аз ҳақиқат аст”, - таъкид кард сухангӯи давлати толибҳо.
Пеш аз ин Николай Патрушев дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти СҲШ гуфта буд, ки вазъият дар Афғонистон на танҳо муташанниҷ аст, балки ба унвони як буҳрони тӯлонимуддат, таҳдидоту хатароти умдае барои амнияти кишварҳои узви СҲШ эҷод кардааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар қаламрави Русия