ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Дар ҳошияи баргузории Форуми самоягузории Тоҷикистону Бритониё Раиси Раёсати КВД БА ҶТ "Амонатбонк" Икромӣ Сироҷиддин Салом бо Мудири тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалии Оҷонсии байналмилалии Fitch ratings хонум Катлин Плункет мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки давлатии амонатгузорӣ.
Тибқи иттилои манбаъ дар рафти мулоқот нишондиҳандаҳои молиявии Амонатбонк ва нақшаҳои минбаъда дар боари дастрас намудани нуфузи байналмилали мавриди барраси қарор дода шуд.
Раҳбарияти Амонатбонк омодагии худро барои дастрас намудани нуфузи сатҳи байнамималӣ эълон кард.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи Оҷонсии байналмилалии Fitch ratings хонум Катлин Плункет изҳор намуд, ки гуруҳи кории Оҷонси омодааст дар наздиктарин рӯзхо ба Тоҷикистон ташриф оварда, фаъолияти муштаракро дар бораи додани нуфузи байналмилалӣ ба Амонатбонк, оғоз намояд.
Ҳамзамон дар ин мулоқот ҷонибхо дар бораи таъсиси гуруҳи кории муштарак ба мувофиқа расиданд ва эълон карданд, ки фаъолиятро дар ин самт оғоз хоҳанд кард.