ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар ҷараёни омодагӣ ба ҷанг фармон додааст, ки Артиши озодихоҳи мардумии Чин "тамоми нерӯро ба ҷанг равона кунад".
Дар ин бора нашрияи амрикоии Foreign Affairs дар матлабе таҳти унвони "Си Ҷинпин Чинро ба ҷанг омода мекунад" навиштааст.
Дар матлаб возеҳ гуфта мешавад, ки раҳбари ҶМЧ дар маҷлиси машваратии Ҳизби коммунистӣ аз "туфонҳои хавфнок" дар уфуқ ҳушдор дода, ба генералҳо бо ибораи "далерона мубориза баред" муроҷиат карда буд.
"Тамоми нерӯи худро ба мубориза тамаркуз диҳед, сахт кор кунед ва қобилияти ғолибиятро такмил созед", - овардааст, суханони Си Ҷинпинро Foreign Affairs.
Ӯ дар суханрониҳои худ, чуноне ки қайд шудааст, манзараи "сиёҳи" геополитикиро тавсиф кард, ки Иёлоти Муттаҳидаро душмани Чин номид ва Вашингтону муттаҳидонашро омили аслии мушкилоти кунунии Чин дониста, аз тиҷорати хусусӣ даъват кардааст, ки ба ҳадафҳои низомӣ ва стратегии ин кишвар хидмат кунанд.
Илова бар ин, Си Ҷинпин бори дигар таъкид кард, ки муттаҳидшавии Тайван ва Чинро барои муваффақияти сиёсати худ муҳим мешуморад, менависад рӯзнома.
Ба дунболи нашри амрикоиҳо рӯзномаи Guardian-и бритониёӣ эълом кард, ки сарвари Чин ба вазъи "ноустувор ва номуайян"-и амнияти кишвараш мутмаин аст.
Гузашта аз ин, нашрияи бритониёӣ бо истинод ба омори ҳукумати Чин ба маълумот истинод мекунад, ки буҷаи дифоъ дар Чин 7,2% (224,8 млрд) афзоиш ёфтааст, ки ин нисбат ба даҳ соли пеш ду баробар бештар аст.