ДУШАНБЕ, 30 март — Sputnik. Русия ҳамкориҳоро бо Эрон дар бахшҳои энержӣ ва логистикаи нақлиётӣ густариш медиҳад, гуфт Леонид Слутский, раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури байнулмилалӣ.
Вай дар ин бора дар пайи мулоқот бо Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон хабар дод.
"Ҳамкорӣ дар арсаи энержӣ, аз ҷумла энержии ҳастаӣ, дар заминаи иктишоф ва истихроҷи нафту газ дар Эрон, транзити борҳо тавассути Баҳри Хазар ва барқсозии қитъаи роҳи оҳан (дар Эрон) аз ҷониби ширкатҳои русӣ сурат мегирад",- гуфт Слутский.
Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир корҳо барои тасвиби конвенсия дар бораи мақоми ҳуқуқии баҳри Хазар низ идома доранд ва “долони нақлиётии Шимолу Ҷануб дар ояндаи наздик ба алтернативаи канали Суэтс, гулӯгоҳҳои Баҳри Сиёҳ табдил хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, қаблан Эҳсон Хандузӣ, вазири иқтисод ва молияи Эрон, дар бораи дурнамои ташкили як маркази иқтисодии стратегӣ бар пояи иқтисоди Эрон, бо Русия тавофуқ эълон карда буд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки ҷумҳурӣ имсол ба "ҳаҷми бузурги" интиқоли нафту газ аз Русия умед дорад.