ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Қазоқистон хостори манъи содироти гандум барои ним сол аз тариқи роҳи автомобилгард шудаанд.
Чунин ташаббусро Вазорати кишоварзии ин кишвар пешбарӣ кардааст, хабар медиҳад, дафтари матбуоти ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ки истисно танҳо барои гандуми тухмӣ сурат гирифтааст.
Лоиҳаи фармон то 5 апрел дар мавриди муҳокимаи умумӣ қарор дошта, дар он гуфта мешавад, ки он бар асоси қонунҳои “Дар бораи танзими фаъолияти тиҷоратӣ”, “Дар бораи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон” ва Паймон дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё содир шудааст.
Вазорати кишоварзӣ тавзеҳ дод, ки ин тасмим ба вазъи кунунии бозори ғалла ва орди Қазоқистон, ки тайи чанд соли ахир бар асари содироти ғайриқонунии гандум ранҷ мебурд, бастагӣ дорад.
"Тибқи маълумоти иттиҳодияҳои саноатӣ, ҳаҷми содироти қочоқӣ дар як сол ба 1,5-2 миллион тонна мерасад ва хисороти умумӣ ба давлат ҳамасола 500 миллион долларро ташкил медиҳад", - омадааст дар изҳороти вазорат.
Ин ниҳод гуфтааст, ки тибқи иттилои аз иштирокчиёни бозор гирифтааш, қисми зиёди ғаллаи қочоқӣ тавассути роҳи автомобилгард бароварда мешавад.
Ҳамзамон, гандуми содиротӣ бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвар дода шуда, ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни пардохти боҷи транзитӣ фиристода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки ин кишвар соли 2022 беш аз 22 млн тонна ғалла ба даст овардааст, ки болотарин нишондиҳанда тайи 10 соли ахир аст. Аз ҷумла ҷамъоварии умумии гандум 38,9% афзуда, 16,4 миллион тоннаро ташкил дод.
Тибқи додаҳои расмӣ, Қазоқистон тайи як соли ахир 13,2 миллион тонна ғалла ва орд содир кардааст, ки болотарин нишондиҳанда дар таърихи ин кишвар аст.