Қаноатмандии Раҳмон аз мардуми Суғд ва ободии вилоят

Роҳбари давлат зимни баромади худ қайд намуд, ки сокинони Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар рушд ва пешрафту ободонии кишвар саҳми бузург доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд барномаи асосии фароғатии наврӯзӣ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Бар хабари манбаъ, қабл аз оғози барнома президент суханронӣ намуда, сокинони ин минтақаро бо иди Наврӯз табрик намуда, ба хонадони онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат орзу намуд.
Ӯ саҳми мардуми вилояти Суғдро дар ободонӣ ва рушди Тоҷикистон намоён арзёбӣ карда, ба онҳо изҳори сипос намуд.
"Мо дирӯзу имрӯз даҳҳо иншооти навро ифтитоҳ намудем ва тайи ду рӯзи оянда дар маросими ба истифода супоридани боз даҳҳо иншооти навбунёди дигар ширкат мекунем", - таъкид дошт роҳбари давлат.
Ба гуфтаи ӯ, заҳмати аҳлонаи мардум симои шаҳру ноҳияҳо ва вилоятро куллан дигаргун ва бамаротиб зибо намудааст.
Боздиди Раҳмон аз "гӯристони уран" дар Истиқлол
Эмомалӣ Раҳмон аз мардум даъват намд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир тамоми саъю талоши худро барои боз ҳам обод кардани давлат ва беҳтар кардани шароити зисти мардум равона намоянд.
Ёдовар мешавем, ки сафари кишвардори Тоҷикистон ба Суғд аз 29 то 31 март идома мекунад. Давоми ду рӯзи сафар Эмомалӣ Раҳмон чандин иншоотҳо аз қабили мактабу кӯдакистон, бинои нави андоз, хатти оби нӯшокӣ ва даҳҳо корхонаҳои хурду бузургро ифтитоҳ кард.