Politico: Русия дар муносибат бо кишварҳои Осиё ИМА-ро мағлуб кард

Баръакси ИМА, Русия кӯшиш намекунад, ки кишварҳои дигарро маҷбур ба ҷонибаш кашад, балки танҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Русия дар муносибат бо кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз Иёлоти Муттаҳида бартарӣ нишон дод, мегӯяд Ҷереми Лиссуба, вакили ҷумҳурии Конго, дар як мақола барои Politico.
"Қудратҳо ба таври худ аз кишварҳои Африқо ва Осиё даъват мекунанд, ки тарафи онҳоро гиранд. Аммо, ба фарқ аз асри гузашта, ин дафъа ин давлатҳо ба осонӣ маҷбур нестанд, ки интихоб кунанд ва базӯр лозим донанд, ки тихоб кунанд. Русия инро дарк мекунад. Ғарб намефаҳмад”, - навиштааст сиёсатмадор.
Лисуба дар бораи равобити Маскав бо кишварҳои осиёӣ аз афзоиши гардиши мол миёни Русия ва минтақа ёдовар шуд, дар ҳоле ки ин рақам бо Ғарб коҳиш меёбад.
Лавров: Талошҳои Ғарб барои инзивои Русия ноком шуданд
Ба илловаи мавсуф, бисёр давлатҳои Осиё, инчунин аз дастгирии маҳдудиятҳои Маскав худдорӣ карданд.
"Ғарб бояд бифаҳмад, ки мамлакатҳои тараққиёбанда дар гуфтор ва амалияи кори он зиддиятҳои сершуморро мебинанд", — шарҳ медихад сиёсатмадор.