ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Губернатори Кубан Вениамин Кондратев дастур дод, ки ҷалби хориҷиён ба соҳаҳое, ки норасоии қувваи корӣ вуҷуд надорад, маҳдуд карда шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти кишвари Краснодар.
"Дар масъалаи муҳоҷирати корӣ бояд ба додани патент таваҷҷуҳи хоса дода шавад. Ҷалби хориҷиён ба он соҳаҳое, ки камбуди нерӯи корӣ вуҷуд надорад, маҳдуд карда шавад", -афзуд ӯ.
Ба гуфтаи вай, аз аввали соли 2023 ҳудуди 70 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сабти ном шуда, беш аз 4,6 ҳазор қонуншикании муҳоҷират ошкор шудааст.
Дар соли 2022 муяссар шуд, ки бисёр ташкилотҳо ва кормандони онҳо “аз соя" бароварда шаванд.
Дар натиҷа, даромади андоз аз ҳисоби ҷалби коргарони хориҷӣ ба буҷети вилоят 1,5 маротиба - то 2,7 млрд рубл афзоиш ёфт. Ин дафъа раиси Кубан таъкид кард, ки раҳбарони шаҳру вилоятҳо бояд донанд, ки муҳоҷирон дар куҷо зиндагӣ мекунанд ва чӣ кор мекунанд.
Дар робита ба корфармоёне, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро ба кор мегиранд, мавқеи шадидтари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст. Ба гуфтаи раиси вилоят, мақомот бояд собитқадам бошанд ва “мутахассисони худ, дастпарварони коллеҷу донишгоҳҳои Кубанро ба кор фаъолонатар ҷалб кунанд”.