ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Дар феҳрасти вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Ҷамшед Шарифзода ва Холмурод Раҳмон ном бурда шуданд.
Дар ин бора нашрияи вилоятии "Хатлон" иттилоъ дода, афзудааст, ки ба вакилони тозаинтихоб шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон супурда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Холмурод Раҳмон аввали соли равон иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таъйин карда шуд. Бо ба даст овардани мақоми вакилӣ на иҷрокунанда, балки раиси ноҳия мегардад.
Холмурод Раҳмон 5 январи соли равон, аз вазифаи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумат озод гардида буд.
Ӯ аз ҷумлаи ангуштшумор мақомдоронест, ки президент оммавӣ аз ташаббускориҳояш тавсиф кардааст.
Вай дар гузашта роҳбарии ноҳияҳои Шаҳритусу Қумсангирро ба уҳда дошта, аз соли 2015 роҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумат буд.
Дар баробари Холмурод Раҳмон, вакили дигари тозаинтихоб дар вилоят, Давлаталӣ Саид, раиси Маҷлиси вакилони халқи Хатлон интихоб гардид.
Вакилони тозаинтихоб эълон доштаанд, ки тамоми малакаашонро барои пешбурди сиёсати роҳбарияти давлат ва пешрафти Тоҷикистон равона хоҳанд кард.