ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Истиқлол корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти нонпазӣ ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нонпазӣ ва қаннодии "Файзи Истиқлол"-ро ба истифода дод.
Корхона талаботи шаҳрро ба маҳсулоти қаннодӣ пурра қонеъ гардонида, дар он қариб 15 хел нону қаннодӣ тайёр карда мешавад.
Дар ин макон навъҳои гуногуни кулчақанд, торт, шириниҳо бо тамъу лаззати фарқкунанда, самбӯса, манту ва намудҳои гуногуни нон пухтупаз мегардад.
Маҳсулот дар бозори маҳаллӣ фурӯхта мешавад, илова бар ин, аз харидорон барои истеҳсоли номгӯи мушаххаси маҳсулот фармоиш гирифтан мумкин аст.
Гуфта мешавад, ки дар як моҳ дар ин ҷо имконият аст, ки то 4 ҳазор адад намудҳои гуногуни ширинӣ, 1,5 ҳазор дона торти ҳаҷман хурду калон ва то 350 килограм маҳсулоти нонӣ тайёр шуда, дар маҷмуъ то 5 тонна орди аълосифат барои омодакунии маҳсулоти ниҳоӣ истифода хоҳад шуд.
Дар корхона таҷҳизоти нави ҳозиразамон гузошта шуда, ба сифати маҳсулоти тайёр назорати доимӣ ба роҳ монда шудааст.
Қолиби зикр аст, ки тамоми маҳсулот аз ашёи хоми маҳаллӣ омода мешавад.
Зимни боздид президент ба масъулини ин коргоҳ супориш додааст, ки сифатро дар мадди аввал гузошта, хелҳои маҳсулотро тадричан зиёд кунанд.