ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Маркази мониторинги пешгӯии зилзилаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Ӯзбекистон хабар дод, ки заминларза соати 10:22 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод ва шиддати он ба 4 баллро ташкил додааст.
Дар ҳоли ҳозир КҲФ Тоҷикистонрух додани ин офати табииро шарҳ надодааст.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл вилояти Хатлонро заминҷунбии 3.8 балла такон дод.
Агар як моҳ қабл дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ зуд-зуб заминҷунбӣ рух медод, ҳоло шимоли Тоҷикистон бештар шоҳиди ларзишҳои замин гаштааст. Ба хусус заминларзаи ахири харобиовар, ки 23 март дар Кӯҳистони Мастчоҳ сурат гирифт.
бар асари заминларза чанд деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дид.
Бино ба гуфти мақомоти КҲФ дар пайи рухдоди ин ҳодиса чандин хонаи истиқоматӣ ва иншооти сокинон аз ҷумла оғилхонаҳо фурӯ рехта, чандин сар чорво талаф шудаанд. КҲФ аз осеб дидани се сокини ноҳия гузориш дод.
Заминҷунбие, ки рӯзи 23 март дар Тоҷикистон рух дод, аз ҳама беш сокинони шимоли мамлакат зарар диданд, зеро маркази он дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ воқеъ буд.
Ҳамзамон бояд қайд, кард ки имрӯзҳо эмомалӣ Раҳмон кишвардори Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ба вилояти Суғд сафар кард.