Ҳамоиши соҳибкорони тоҷику туркман баргузор мешавад

Форуми соҳибкорони тоҷику туркман дар ҳоле баргузор мешавад, ки нимаи аввали моҳи апрел сафари президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Санаи баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе 7 апрел таъйин шудааст, иттилоъ дод "Ховар" бо такя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.
Б аиттилои манбаъ, дар ин ҳамоиш имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон пешниҳоди иштирокдорон мегарданд.
Тоҷикистонро дар ҳамоиш намояндагони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат, КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ва инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок мекунанд.
Туркманистон дар Хатлон барои оилаҳои туркмантабор мактаб месозад
Туркманистонро дар баробари намояндагони бахши хусусӣ инчунин раиси Палатаи савдо ва саноат, муовини вазири саноат ва сохтмони Туркманистон ва директори ҶСК "Маркази нақлиёту логистикаи Туркманистон" намояндагӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар доираи ин мулоқот ҷонибҳо созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкориро ба имзо расонанд.
Ин ҳамоиш дар арафаи сафари раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Душанбе баргузор мешавад.
Дар доираи ин сафари расмӣ, Бердимуҳаммадов бо роҳбарони Тоҷикистон мулоқот карда, масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро баррасӣ мекунанд.