ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Кормандони милиса дар шаҳри Хоруғ аз имконияти камераҳои маркази "Шаҳри бехатар"-и Раёсати ВКД дар ВМКБ истифода мебаранд.
Ба иттилои раёсати умури дохилии ВМКБ ҳадаф аз истифодаи дурбинҳои назоратӣ, таъмини тартиботу оромӣ, бехатарии ҷамъиятӣ, ошкору муайян ва бартарафсозии қоидавайронкуниву ҷинояткорӣ ба таври шабонарузӣ мебошад.
"Истифодаи технологияи муосир дар раванди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаркати воситаҳои нақлиёт ва иштирокчиёни роҳ, пешгирӣ ва мубориза зидди ҷинояткорӣ, ҳамчунин ошкору ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани вайронкунандагони тартибот хеле назаррас аст", - омадааст дар иттилоия.
Тавзеҳ дода шудааст, ки навбатдорони маркази "Шаҳри бехатар" бо мушоҳидаи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ аз ҷумла вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ ба масъулини БДА дар тамос шуда, оид ба ҳолати мазкур гузориш медиҳанд.
"Аз рӯи далели қоидавайронкунӣ аз ҷониби нозирони роҳи БДА ронандагон боздошт ва дар асоси навор ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд", - таъкид намуд РВУД.
Мақомоти умури дохилии ВМКБ аз натиҷаи ҳафтаинаи кори "Шаҳри бехатар" ҳисобот доданд, ки чандин ронандаро барои убури хати яклухт, таваққуфи нодуруст, итоат накардан ба аломати роҳ ба ҷавобгарӣ кашидаанд.