ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо харҷи 31,2 млн доллар роҳу пулҳои нав сохта мешавад.
Дар ин бора байни Вазорати нақлиёт ва ширкати Чинии "China Road and Bridge Corporation" дар доираи марҳилаи Чоруми лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, (БРАМОМ-4)" қарордод имзо расидааст.
Ба гузориши дафтари матбуои вазорат, дар доираи лоиҳаи мазкур дар ВМКБ сохтмони як адад пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, бо сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 километр ба роҳ монда мешавад.
"Ҳамзамон, дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон бошад сохтмони роҳи автомобилгард бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони долони зиддитармавӣ (бо дарозии 550 метр ) ва пул (бо дарозии 82,3 метр) пешбинӣ шудааст", - афзудааст манбаъ.
Зимни ба имзо расонидани қарордод вазири нақлиёт қайд намудааст, ки корҳои сохтмонӣ бояд босифат, дар муҳлати муайяншуда ва тибқи талабот ва меъёрҳои амалкунанда иҷро карда шаванд.
Азим Иброҳим ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар сохтмон бояд техникаҳои муосири пурқувват ва мутахассисони ботаҷриба ба кор ҷалб карда шаванд.
Гуфта мешавад, ки муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ 30 моҳ аз рӯзи оғози сохтмон муқаррар гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи мазкурро роҳбарияти вазорати нақлиёт, Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди вазорат ва ширкати муштараки машваратии "ISAN Corporation + M50 Cоnsulting Group LLP" назорат хоҳанд кард.