Дар видео дида мешавад, ки баъд аз бархурд автобус ба коми оташ рафтааст.
Ба иттилои Saudi Gazette дар ин садамаи мудҳиш 20 ҳоҷӣ ба ҳалокат расида 29 мусофир дигар ҷароҳати гуногун бардошта дар бемористон бистарӣ шуданд.
Миёни захмиёну ҳалокшудагони садамаи маргбор дар Арабистони Саудӣ шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
"Шаҳрвандони мо барои расидан ба Макка одатан аз роҳи ҳавоӣ истифода мекунанд", - гуфт ӯ.