ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Дар фестивали “Сайри гули лола” масъулон аз намоишгоҳи оростаи намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар дидан намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд, иттилоъ доааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои масъулин дар шаҳри Бохтар зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор гулу гулбутта шинонида шудааст, ки аз инҳо 495 ҳазор гули лола, 291 ҳазор гули садбарг ва 627 ҳазор гулҳои мавсимӣ мебошанд.
Зикр гардид, ки лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаи фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд.
Лозим ба ёдоварист, ки фестивали мазкур дар доираи дастуру супоришҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат додани ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳраку даҳот, маҳаллаҳо баргузор мегардад.
Инчунин ин фестивал барои ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадами гулпарварӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои кабудизоркунию хуррамгардонӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагӣ, ҳифзи муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо ташкил карда мешавад.