ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Аксари захираҳои энержии Русия аллакай ба бозорҳои кишварҳои дӯст равона карда шудаанд.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Александр Новак зимни ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои Вазорати энергетикаи Русия хабар дод.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, содироти нафт ба Ҳиндустон ба мротиб афзоиш ёфтааст.
"Агар, барои мисол содироти нафт ба Хиндустон гирем, танҳо дар соли гузашта 22 баробар афзоиш ёфтааст. Ин натиҷаи кори зиёдест, ки дар саноат ба ҷо оварда шудааст, — гуфт вай.
Новак дар бораи аҳамияти Русия бар густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро таъкид кард.
Илова бар ин, муовини сарвазири Русия ба омори Вазорати энергетика истинод кард, ва гуфт бар асоси он содироти нафт аз Русия дар соли 2022 7,6% афзоиш ёфтааст. Ҳоло он ба 242,2 миллион тонна мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, Русия низ истихроҷи нафтро афзоиш додааст. Ҳамин тавр, он 2 фоиз афзуда, дар як сол 535,1 миллион тоннаро ташкил медихад.
Қаблан Reuters бо такя ба омори Агентии Байналмилалии Энержӣ гуфта буд, ки тақрибан сеяки тамоми содироти маводи сӯхт аз Русия ба Ҳиндустон рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабр Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ҷори кардани ҳадди ниҳоии нархи нафти Русия эълон кард. Тибқи ин тасмим нархи як бушка нафт бештар аз 60 доллар фурӯхта намешавад.
Дар охири моҳи декабр раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи татбиқи чораҳои ҷавобии иқтисодӣ барои ҷорӣ кардани ҳадди ниҳоии нархи нафти Русия имзо кард.
Тибқи фармони кишвардори Русия интиқоли тиллои сиёҳро ба кишварҳое қатъ мекунад, ки ҳадди ниҳоии нархро ҷонибдорӣ мекунанд.