Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Sunday Times: Талафоти аз ҳад зиёд Киевро маҷбур ба тарки Артемовскро мекунад

Артемовск (Бахмут) дар шимоли Горловка воқеъ буда, як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Артиши Украина дар набардҳо барои Артемовск (номи украинӣ Баҳмут аст) дар як рӯз то 200 сарбозро талаф медиҳад.
Дар ин бора рӯзномаи Gazeta.ru бо истинод ба Sunday Times менависад.
Ба навиштаи нашрияи бритониёӣ, талафоти зиёди нерӯҳои мусаллаҳи Украина метавонад мақомоти Киевро маҷбур созад, ки шаҳрро тарк кунанд.
Ба эътиқоди таҳлилгарони ғарбӣ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина бояд байни нигоҳ доштани шаҳр ба ҳар қимате ва ақибнишинӣ ба Славянск ва Краматорск, ки мавқеъҳои қавӣ барои пешгирӣ аз пешравиҳои минбаъдаи Русия омода шудаанд, интихоб кунанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Артемовск корхонаи “АЗОМ” зери назорати гурӯҳи “Вагнер” уфтод
Қаблан мушовири собиқи раиси Пентагон, полковник Дуглас МакГрегор гуфта буд, ки раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский бо қарори худ ба Артемивск нерӯи бештаре бурд, ки ин шаҳрро ба доми артиши Украина табдил дод.
Рӯзи 26 март хабар дода шуд, ки ширкати хусусии низомии "Вагнер" захираҳои худро дубора равона карда, ба маркази Артемовск ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ҷангҳо дар минтақаи Бозори марказӣ ва кӯчаҳои Базарная ва Незалежности идома дорад.
Артемовск дар шимоли Горловка воқеъ буда, як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гуруҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст. Бештар аз шаш моҳ аст, ки берун аз шаҳр ҷангҳои шадид шадид давом доранд.
Тибқи маълумоти охирини РИА Новости, нерӯҳои Русия тақрибан 70 дарсади Артемовскро озод карданд, ба онҳо муяссар шудааст, ки тамоми роҳҳои асфалтпӯшро бигиранд ё зери оташ қарор диҳанд.
Зеро дар чунин ҳолат борони шадид, ки сар зад, таъмини лавозимоти ҷангӣ ва ба низомиёни украинӣ мушкилӣ пеш меорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Politico: дар Ғарб ва Украина аз вазъи Артемивск дар ҳайратанд
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.