ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Cел дар аввалин рӯзҳои соли ҷадиди хуршедӣ дар вилоятҳои Балх, Зобул, Урузгон, Қандаҳор ва бархе аз вилоятҳои дигари Афғонистони хисороти сангине барҷой гузоштааст.
Ин селобҳо роҳҳои иртиботии бисёре аз вулусволиҳоро бо маркази Зобул қатъ кардааст.
Боришҳо дар Зобул ҳамчунон идома дорад ва тараддуди байни меҳварҳои мувосилотии вулусволиҳои Арғандоб, Дой чупон, Хоки афғон, Шамалзу, Отағр, Навбаҳор ва Шинкиро қатъ кардааст .
Сел дар Зобул мардумро бо камбуди об ғизо мувоҷеҳ кардааст. Толибҳо то кунун дар бораи талафоти эҳтимолӣ ва хисороти ношӣ аз селобҳо дар ин вилояти иброз назар накардааст.
Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда дар пайи сарозер шудани селобҳо дар ду рӯзи гузашта, даст кам 300 хона дар Балхи вайрон ва ба беш аз се ҳазор ҷариби замини зироатӣ дар ин вилояти тахриб шудааст.
Ёдовари мекунем, ки ахиран вазорати мубориза бо ҳаводиси табии Афғонистон аз тахриби беш аз 1500 хона бар асари сел ва заминларза чанд рӯзи гузашта дар ин кишвар хабар дод
Бар асари борандагиҳои ду рӯзи гузашта дар Афғонистони 756 хона дар манотиқи мухталифи ин кишвар тахриб шуд, иттилоъ додааст вазорати мубориза бо ҳаводиси табиии Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, ки селобӣ ду рӯзи гузашта дар Афғонистон ҳамчунин се кушта ва ҳафт масдӯм барҷоӣ гузошт .
“Беш аз 800 хонаи ҳам барасари замини ларзаи 21 март дар манотиқи шимоли шарқи Афғонистон ба сурати комил ё ҷузе тахриб шуду шумори куштаҳои замини ларза ба 10 нафар расид”, - гуфт раҳбари ин ниҳод.
Вай афзуд, бештарини хисороти сел дар вулусволии зореъи вилояти Балх буд, ки бар асари он 300 хона вайрон шуд.