ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Таркиш дар Кобул дар назди бинои Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рух дод, хабар медиҳад, шабакаи телевизионии маҳаллии 1TV News бо истинод ба шоҳидони айнӣ.
Намояндагони маъмурияти маҳаллӣ, ки аз ҷониби Толибон* таъйин шудаанд, дар бораи ин маълумот изҳори назар накарданд ва дар бораи харобиҳо ва талафот маълумот надоданд.
Бино ба иттилоъи намояндагии дипломатии Русия, дар бораи кушташудагон дар миёни шаҳрвандони Федератсияи Русия маълумоте нест, хабар медиҳад РИА Новости.
"Мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба он ҷо рафтанд. Дар бораи шаҳрвандони Русия, ки маҷрӯҳ шудаанд, маълумот нест", - гуфт дипломати рус.
То кунун ҳеҷ гуруҳе масъулияти ин инфиҷорро ба зима нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар бинои маъмурияти шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон таркиш рух дод, ки бар асари он волии вилоят Муҳаммад Довуд Муззаммил ба ҳалокат расид.
Як бомбгузори маргталаб бо камарбанди мунфаҷира вориди бинои маъмурияти вилоят шуд ва худро дар ҳоле мунфаҷир кард, ки Муззаммил бо як ҳайати Толибон*, ки аз Кобул омада буд, музокира мекард.
Ба гуфтаи манобеъи мухталиф, қурбониён аз 2 то 15 нафар будааст.
Масъулияти ҳамларо гурӯҳи "Давлати исломӣ"** бар уҳда гирифт.
*-созмоне, ки барои аъмоли террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад
** "Давлати исломӣ" (ДОИШ, ДОИШ) як созмони террористӣ аст, ки дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.