ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар нархи як литр шир, ки пештар 4-5 сомонӣ буд, якбора ба 8 сомонӣ расидааст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тибқи иттилои манбаъ, сокинони дар болоравии нарх тоҷиронро айбдор мекунанд ва мегӯянд тоҷирон медонанд, дар ин моҳ мардум бештар ширчой истеъмол мекунанд, ва ба ҳамин хотир, нархи ширро ду баробар боло бурданд.
Дар ҳамин ҳол, ширфӯрушон дар болоравии нархи шир назари дигаре доранд ва дар қиматшавии шир фермаҳо ва сокинонро айбдор мекунанд.
Онҳо мегӯянд қаблан ширро арзон мегирифтанд, ҳоло бошад як литри онро аз онҳо аз 5 то 6 сомонӣ мехаранд ва маҷбуранд болояш як-ду сомонии дигар изофа намоянд.
Чанде пеш хабар расида буд, ки дар бозорҳои вилояти Хатлон, хоса шаҳри Бохтар, нархи як килограм гӯшт аз 65 ба 68 сомонӣ боло рафтааст.
Мардум дар моҳи шарифи Рамазон барои омода кардани хӯрок бештар гӯшту шир мехаранд, ва талабот ба ин маҳсулот меафзояд ва тоҷирон низ аз он истифода мекунанд ва нархи онро боло мебаранд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи авал аз ҷониби соҳибкорону баланд карда мешаваду ин ҳолат норозигии аксар сокинонро ба бор меоварад.