Марзбонони ИДМ дар Маскав сиёсати иттилоотиро баррасӣ мекунанд

Марзбонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар охири моҳи март пойтахти Русия сиёсати иттилоотиро баррасӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Рӯзи 28 март дар Маскав конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ "Дар бораи равишҳо ба ташаккули сиёсати иттилоотии кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи таъмини амнияти марзӣ" баргузор мешавад, иттилоъ додааст Кумитаи Иҷроияи ИДМ.
Ба иттилои Кумитаи иҷроия, ин ҳамоиш як қисми Барномаи ҳамкории ИДМ дар умури таҳкими амнияти сарҳадӣ дар марзҳои беруна барои солҳои 2021-2025 мебошад.
Кумитаи иҷроия қайд кард, ки конфронсро Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ ташкил мекунад.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ниёз ба чораандешии СААД нест: Душанбе гуфт, масъалаи марз бо Бишкекро худ ҳал мекунанд
Ҳадаф аз баргузории конфронс, тибқи нақша таҳияи равишҳои амалӣ барои татбиқи сиёсати иттилоотӣ дар соҳаи амнияти сарҳадӣ дар кишварҳои ИДМ мебошад.
Ташкилкунандагон қайд карданд иштирокчиёни конфронс мутахассисон, коршиносон ва олимони варзида аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсус, Маркази зиддитеррористӣ мебошанд.