ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки бар асари заминларза дар бархе мавзеъҳои роҳ кӯҳпора фаромада буд ва ба ҳим далел ҳаракат дар роҳи мошингард баста шуда буд.
Тибқи иттилои манбаъ дар ҳоли ҳозир ҳаракати нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Куҳистони Масчоҳ пурра барқарор гардид.
“Дар натиҷаи заминларзаи санаи 23.03.23 дар роҳи автомобилгарди Оббурдон-Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз км 7 то 13, км аз 19 то 23, км аз 35-43, км аз 45 то 51, км аз 56-64, км аз 70-80, км аз 83 то 89 дар 27 мавзеъ кӯҳпора фаромада, роҳи мошингард баста буд”,- иттилоъ додааст вазорат.
Зикр гардидааст поксозии роҳ шабонарӯз идома дошта, роҳсозон бо истифода аз техника ва механизмҳои МДНРА-и Вазорати нақлиёт дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тавонистанд ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба пуррагӣ таъмин намоянд.
Ёдовари мекунем, ки Шаби 22 ба 23 март бар асари заминларза чанд деҳоти ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дид.
Бино ба гуфти мақомоти КҲФ дар пайи рухдоди ин ҳодиса чандин хонаи истиқоматӣ ва иншооти сокинон аз ҷумла оғилхонаҳо фурӯ рехта, чандин сар чорво талаф шудаанд. КҲФ аз осеб дидани се сокини ноҳия гузориш дод.
Заминҷунбие, ки рӯзи 23 март дар Тоҷикистон рух дод, аз ҳама беш сокинони шимоли мамлакат зарар диданд, зеро маркази он дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ воқеъ буд.