Коршиносони Русия конҳои тилои Тоҷикистонро баҳогузорӣ карданд

Тадқиқоти конҳои тиллои Чоррага дар Тоҷикистон нишон дод, ки миқдории захоири ин иншоот 50 тонна тилоро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Комиссияи давлатии захоири канданиҳои фоиданок кони тиллои Чоррагаи Тоҷикистонро баҳогузорӣ кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии федеролии истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (Роснедра) хабар додааст.
"Комиссияи давлатии захоири канданиҳои фоиданок, ки тобеъи ширкати "Роснедра" аст, кони тиллои Чоррага дар Тоҷикистонро баҳогузорӣ кард", - омадааст дар хабари ин ниҳод.
Коршиносон натиҷаҳои баҳогузориро дар конфронси "Саноати кӯҳии Русия ва ИДМ: сохтмон ва навсозӣ" муаррифӣ карданд.
Кашфи 10 кони нави тило дар Тоҷикистон
Тадқиқоти конҳои тиллои Чоррага нишон дод, ки миқдории иншоот 50 тонна тиллоро ташкил медиҳад.
"Тибқи арзёбии конҳо аз ҷумла кони Чоррага барои ҳамкории мутақобилаи сохторҳои геологии Русия ва Тоҷикистон ояндадор мебошанд", - хулоса кард Роснедра.
Инчунин, коршиносони комиссияи давлатӣ гурӯҳи конҳои бокситҳои Кукталро дар Қазоқистон арзёбӣ карданд.