ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо дар сурати ошкор шудани кумаки Русия метавонад алайҳи колоҳои худ барои Осиёи Марказӣ таҳрим ҷорӣ кунад.
Дар ин бора рӯзномаи Telegraph бо истинод ба санади дахлдор менависад.
"Пойтахтҳои Аврупо нақшаи ҷорӣ кардани таҳримҳои тиҷоратӣ алайҳи кишварҳоеро баррасӣ мекунанд, ки ба Маскав барои саркашӣ аз чораҳои муҷозот кӯмак мекунанд", - омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, намояндагони Иттиҳодияи Аврупо афзоиши интиқоли коло бо технологияҳои дуҷониба ба кишварҳои Осиёи Марказиро сабт кардаанд. Пас, ин гуна маҳсулотро ҳам барои истифодаи ҷомеа ва ҳам барои сохтани силоҳ истифода бурдан мумкин аст.
Ин махсусан ба мошинҳои ҷомашӯӣ ва мошинҳои истифодашуда дахл дорад. Тахмин меравад, ки ин молҳоро кишварҳои осиёи Марказӣ ба Русия содирот мекунанд.
Тавре дар мақола омадааст, Брюссел метарсад, ки ин технологияҳо ба Русия ворид мешаванд. Ба навиштаи нашрия, агар Иттиҳодияи Аврупо далели гашта содиршударо пайдо кунад, метавонад дастрасии ҳама гуна давлатҳо, корхонаҳо ва шахсони алоҳидаро ба бозори ягонаи худ маҳдуд созад.
Аммо нахуст Брюссел қасд дорад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ музокира анҷом диҳад, то онҳоро аз паёмадҳои кумак барои рафъи таҳримҳо ҳушдор диҳад.
Қобили зикр аст, ки дар мулоқоти ахири раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта шуд, ки кишварҳо кӯшишҳои дахолати беруна ба умури Осиёи Марказиро қабул надоранд.