Тоҷикистон ба интиқоли доруҳои Русия таваҷҷӯҳ дорад

Раиси вазорати тандурустии Русия гуфт, бо як қатор кишварҳои ИДМ, аз ҷумла бо Тоҷикистон дар мавриди интиқоли дору тавофуқ ҳосил шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба интиқоли доруҳо аз Русия таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Дар ин бора Михаил Мурашко, вазири тандурустии Русия, дар ҳошияи форуми "Ҷомеаи солим" дар Санкт-Петербург изҳор дошт.
"Амлан ҳамаи кишварҳои ИДМ ба таъмини доруҳои ватанӣ ва маҳсулоти тиббӣ таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва бахусус ба радиофарматсевтика таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд", - гуфт ӯ.
Сардори вазорати тандурустӣ ҳамчунин афзуд, ки дар мавриди интиқоли дору на танҳо бо Тоҷикистон, балки бо Қазоқистону Ӯзбекистон низ қарордодҳо вуҷуд доранд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соли 2022 тавлиди маҳсулоти дорусозӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2021 се баробар афзоиш ёфтааст.
Вазорати тандурустӣ: Дар кишвар 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул аст
Мувофиқи маълумоти шӯъбаҳои профилии ҷумҳурӣ соли гузашта истеҳсоли 540 хел доруворӣ ба роҳх монда шуд.
Бо вуҷуди ин ҳам, воридоти доруворӣ дар Тоҷикистон дар ҷои аввал аст.