Кумаки навбатии башардӯстона дар ВМКБ тақсим шуд

Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ба ВМКБ кумакҳои навбатии башардӯстона интиқол ва ба нуҳ сокини аз тармафароӣ зарардида тақсим шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон, ки аз офати табиӣ осеб дидаанд, кумакҳои башардӯстона дарёфт карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.
"Ба нуҳ сокини шаҳри Хоруғ, ки аз тармафароӣ осеб дидан, ёрии зарурӣ расонида шуд", - омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.
Ҳамин тариқ, ба шаҳрвандон масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 45 тонна семент, 56, 09 метр мукааб чӯбу тахта, 9 дари оҳанӣ, 38,7 метри мураббаъ дарҳои пластикӣ, 72 тирезаи пластикӣ, 171 кг мехи сохтмонӣ тақсим карда шуд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, ки нисбати сокинони бар асари тармаи харобиовар ғамхорӣ кунанд.
Расулзода дар Хоруғ: зарардидагон ҳарчи зудтар бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин шаванд
Ёдовар мешавем, ки дар давраи аз 15 то 19-уми феврал тибқи маълумоти КҲФ дар қаламрави Тоҷикистон 200 маротиба резиши тарма, 7 ярч ва 6 маротиба резиши санг ба қайд гирифта шудааст.
Бар асари офатҳои табиӣ 19 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз ҳама беш дар шаҳри Хоруғ талафоти ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шуд.
Манзилу иншоотҳои муҳими чандин сокини ин шаҳр дар пайи фаромадани тарма тахриб шуданд.