ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар саҳроҳои хоҷагии қишлоқи Точикистон қариб 27 ҳазор гектар зироатҳои равғандор кошта мешавад.
Чунин нақшаҳо барои соли 2023 аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ эълон карда шуданд.
Ҳамин тариқ, соли ҷорӣ барои кишти офтобпараст, зағир, рапс ва арахис (чормағзи заминӣ), кунҷит 26,9 гектар замин ҷудо карда шуд, ки нисбат ба соли 2022 1,4 гектар зиёд аст.
Бояд гуфт, ки деҳқонони ҷумҳурӣ соли гузашта 41,7 тонна ин навъи зироат истехсол карда буданд.
Ба гуфтаи коршиноси Пажуҳишгоҳи кишоварзӣ, доктори илм Назрулло Тошалиев, донаи онҳо аз 30 то 60% равған дорад.
"Аҳамияти зироати равғандор дар он аст, ки донаш барои истеҳсоли равған, инчунин хӯроки парранда, барги он барои хӯроки чорво ва инчунин барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин васеъ истифода мешавад", - гуфт ӯ.
Ба андешаи мавсуф, яке аз сабабҳои коҳиши ҳосили зироат дар солҳои ахир тағйири иқлим аст.
Қаблан сарони вазоратҳои кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон масоили амнияти ғизоиро баррасӣ карда буданд.
Коршиносон қайд карданд, ки тағирёбии иқлим ба амалияҳои анъанавии кишоварзӣ ислоҳот ворид мекунад.