Шӯрои уламо гуфт, ки аз ороишоти тилоии занону хона барои тиҷорат закот месупоранд ё на

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суолҳои мусалмонони кишвар дар мавриди нисоби закот, ки яке аз фарзҳои Ислом аст посух додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Як корбари сомонаи Шӯрои уламо бо номи Ганҷина аз ин ниҳод суол кардааст, ки дар ороишоти тиллоии занон додани закот воҷиб аст ё на.
Шӯрои уламо посух додааст, ки заноне, ки ба андозаи 85 гр ороишоти тиллоӣ ё 600 гр ороишоти нуқрагин дошта бошанд, дар он закот воҷиб мегардад.
"Аз зеварҳои тиллоӣ 2,125 гр тилло ва аз зеварҳои нуқрагин 15 гр нуқра ё қимати онро пардохт мекунанд", - афзудааст ин ниҳод.
Ҳамзамон корбари дигаре пурсидааст, хонаҳое, ки ба мақсади тиҷорат сохта шудаанд ва сохтмони онҳо ҳанӯз анҷом наёфтааст, оё аз он закот дода мешавад?
"Дар онҳо закот лозим мегардад, агарчи ба итмом ҳам нарасида бошанд, зеро аз қабили моли тиҷорат ба шумор мераванд", - чунин ҷавоб додааст, Шӯрои уламо.
Эълони пули нисоби закоту фитри рӯза ва фидяи савм дар Тоҷикистон
Зеро ба таъкиди ин ниҳод, ҳар чизе, ки дар он нияти тиҷорат карда шавад, қатъи назар аз он ки чи гуна мол аст, закот дар он воҷиб мешавад.
Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 32300 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки аз он 800 сомонӣ закот дода мешавад.
Ин ниҳод қаблан изҳор дошта буд, ки вақти додани закот аз замони ба нисоб расидани мол вобаста аст ва албатта дар моҳи Рамазон адо кардани он савоби зиёд дорад.