ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафтанд, гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо телевизиони СММ.
Ба гуфтаи вай обшавии босуръати пиряхҳо дар дигар қитъаҳои олам, аз ҷумла дар Арктика ва Антарктида низ ба мушоҳида мерасад.
Вай афзуд, ки шумораи аҳолӣ сол то сол зиёд шуда, талабот ба об низ босуръат меафзояд.
“Бо дарназардошти ин ҳолат, нишондиҳандаи таъмини об ба сари ҳар нафари аҳолӣ низ сол ба сол камтар мегардад. Дар панҷ даҳсолаи охир ин нишондиҳанда, аллакай, дувуним баробар коҳиш ёфтааст ва тамоюли мазкур ҳоло ҳам идома дорад”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамчунин дар ин мусоҳиба Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигаронкунанда мебошад ва ҷаҳон бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешад.
Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон ҳадафи кишварашро дар бораи ташаббус гуфт.
“Ҳадафи асосии ташаббуси мо дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳиммияти ин масъала ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад”, - зикр кард ӯ.
Вай илова кард, ки эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 аз ҷумлаи василаҳои муҳим ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд.