ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Соли 2022 ҳудуди 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кумаки тиббӣ дарёфт кардаанд, гуфт муовини вазири тандурустии Русия Олег Салагай .
Ба иттилои манбаъ, кумак ба хориҷиён дар доираи лоиҳаи федералии рушди содироти хизматрасонии тиббӣ расонида шудааст, ки аз 1 январи соли 2019 амал мекунад.
"Дар маҷмӯъ, аз рӯи усули ҳисобкунӣ, аз оғози лоиҳа то имрӯз ҳудуди 12,6 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия чунин кӯмакҳоро дарёфт кардаанд", - афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии захираҳое, ки дар ҷараёни татбиқи ин иқдом ба даст омадаанд, аз 762 миллион доллар гузашт.
Салагай дар бораи кишварҳои ИДМ сухан ронда, қайд кард, ки дар соли 2022 қариб 1,5 миллион шаҳрванди Узбакистон, 1,2 миллион сокини Тоҷикистон, беш аз 500 ҳазор қирғизистонӣ, садҳо ҳазор шаҳрвандони Арманистону Қазоқистон, инчунин сокинони Туркманистону Белорус чунин хадамотро дарёфт кардаанд.
Ба гуфтаи муовини раҳбари Вазорати тандурустӣ, сухан дар бораи доираи хеле васеи хизматрасонии тиббӣ меравад — на танхо технологияи баланд, ки дар дигар ҷумҳуриҳо нест, балки муоинаи махсуси табобатӣ ва профилактики низ меравад.