Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Ғарб дар бораи оқибатҳои мудҳиши истифодаи хумпораҳои урандор огоҳ карда шуд

Ба низомиёни артиши Украина зарари ҷуброннопазир расонида мешавад, ки дар Ғарб инро комилан дарк мекунанд, аммо омодаи интиқоли ин навъи хумпора ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Истифода аз лавозимоти ҷангии дорои урани тиҳишуда аз ҷониби Киев барои Украина паёмадҳои мудҳишро ба бор хоҳад овард.
Дар ин бора сардори нерӯҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии Вазорати дифои Русия Игор Кириллов зимни брифинге изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки ба низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина хисороти ҷуброннопазир хоҳад расид ва Ғарб аз ин комилан огоҳ аст, аммо бо вуҷуди ин омодагии худро барои интиқоли ин навъи снарядҳо изҳор мекунад.
Истифодаи онҳо аз ҷониби нерӯҳои НАТО дар Югославия ва Ироқ аллакай боиси афзоиши шумораи нуқсонҳои модарзодӣ дар байни сокинони маҳаллӣ, инчунин ҳолатҳои саратон, аз ҷумла дар байни низомиёни ғарбӣ шудааст.
Путин аз вокуниши Русия ба интиқоли урани тиҳишуда ба Украина ҳушдор дод
Илова бар сирояти аҳолӣ, афзуд Кириллов, истифодаи лавозимоти ҷангии урандор ба маҷмааи агросаноатии Украина хисороти зиёд мерасонад ва ҳар гуна содироти маҳсулоти кишоварзиро дар тӯли даҳсолаҳо, ҳатто садсолаҳо коҳиш медиҳад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 21 март Аннабел Голди, муовини вазири дифои Бритониё гуфт, ки Лондон ба ҷуз аз фиристодани як эскадрони танкҳои ҷангии Challenger 2 ба Украина, инчунин снарядҳои дорои урани харобшударо ба Киев интиқол медиҳад.
Истифодаи ин модда дар лавозимоти ҷангӣ бо хосиятҳои он алоқаманд аст, ки ба снаряд таъсири баланди зиреҳпӯшӣ медиҳад ва дар паси монеаҳо зарари ҷиддӣ мерасонад.
Урани тиҳишуда назар ба симоб ё арсен хатарноктар нест, аммо дар пайи инфиҷор оксиди уран тавлид мешавад, ки ин минтақаро олуда мекунад ва боиси бемории мардум мешавад.