ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Раҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар барқияи табрикотии худ Реҷеп Тайип Эрдоган ба ҳамчун бародари азиз муроҷиат карда навиштааст, ки муждаи баҳор — иди Наврӯз анъанаю бойигарии муштараки ҷуғрофияи васеъ, аз Осиёи Марказӣ то Балканҳо мебошад.
“Бо мақсади нигохдорӣ ва ба наслҳои оянда расонидани ин урфу одати муштаракамон, ҳамасола дар чор гӯшаи ҷаҳон ҷашн гирифта шудани Наврӯз инъикосгари муҳими дӯстиву бародариамон гардидааст”, - таъкид кардааст Эрдуғон.
Ҳамчунин раҳбари Туркия қайд кардааст, ки Наврӯз, ки ифодаи бедоршавию зиндашавӣ табиат мебошад, натанҳо достони омадани баҳор, балки ҳамчунин эҳёву иқдомоти навин аст.
Эрдуғон дар барқияи худ бори дигар аз кумаки Тоҷикистон ба Туркия барои рафъи оқибати заминларза изҳори ёдовар шуд.
“Ҳамдилию ҳамрайъии Шумо бо Туркия, ки дар робита бо заминларзаи 6 феврали 2023 зоҳир намудед, дар баробари боз ҳам наздиктар гардонидани кишварҳои мо, ҳамзамон як имкони дигареро барои мушоҳидаи ҳамеша зинда будани руҳияи Наврӯзро дар байни мардумонамон фароҳам овард”,- зикр кардааст раисҷумҳури Туркия.
Вай афзуд, ки иди Наврӯз, яке аз зеботарин нишонаҳои вахдату ҳамбастагии тамаддунҳои чанд ҳазорсолаи мост.
“Ба Шумо ва ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон тансиҳатӣ, хушрӯзӣ ва саодатмандиро таманно менамоям”, - навиштааст кишвардори Туркия.