ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Мақомоти шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар майдони 9,7 гектар агроҷангал ва ҷангалҳои хурд бунёд мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент.
Тибқи иттилои манбаъ ахиран раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар Парваришгоҳи Зарафшони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳр бо рафти татбиқи лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон”, ки аз ҷониби Фонди Оғохон дар Тоҷикистон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ мешавад шинос шуд.
Гуфта шудааст, ки тибқи лоиҳа дар майдони 9,7 гектар агроҷангал ва ҷангалҳои хурд бунёд мешавад.
“Дар ин қитъаҳо 10 ҳазор бех навъҳои гуногуни ниҳоли себ, зардолу, чормағз, олуча, сада, ақоқиё, павловния ва хуч шинонда мешавад”,- хабар додааст манбаъ.
Дар сӯҳбат бо кормандони хоҷагии ҷангал раиси шаҳри Панҷакент таъкид кардааст, ки домани майдони ҷангалзорро васеъ намоянд.