БРАО барои энержии оби Осиёи Марказӣ 400 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

Тибқи ҳисобҳои БРАО, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ирригатсионӣ ва навсозии системаҳои обёрӣ самаранокии истифодаи обро 40% зиёд мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Бонки Рушди Авруосиё (БРАО) қасд дорад дар се соли оянда ба маҷмааи обу энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ дастикам 400 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.
Дар ин бора Николай Подгузов, раиси раёсати БРАО хабар дод.
Тавре ӯ таъкид кард, мушкили истифодаи оқилона ва тақсими захираҳои обу энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ иқдоми муштаракро тақозо мекунад.
"Тибқи стратегияи кунунии миёнамӯҳлати мо, маҷмааи обу энержии Осиёи Марказиро яке аз авлавиятҳои асосии бонк мешуморем",- гуфт Подгузов.
Ба гуфтаи ӯ, ҳалли бомуваффақияти мушкилоти мавҷуда дар ин самт метавонад боиси афзоиши иловагии суръати афзоиши ММД-и минтақавӣ дар як сол 1,5% шавад.
Бонки АвруОсиёии Рушд аз сустшавии таваррум дар Тоҷикистон гуфт
Дар ҳамин ҳол, тибқи ҳисобҳои Бонки Рушд Авруосиё, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири обёрӣ ва навсозии системаҳои обёрӣ самаранокии истифодаи обро 40% афзоиш медиҳад.
"Ин инчунин амнияти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳад, ки омили муҳими таъмини амнияти озуқавории минтақавӣ мебошад", - афзуд намояндаи ташкилоти молӣ.