Таъсиси комиссияи вижа бо дастури Раҳмон барои ҳисоби оқибатҳои зилзила

Бино ба гузоришҳои аввалия аз хисороти молу амвол дар ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ, ки маркази ду зилзилаи шадид буд, сокинон хабар додаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Дар Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои зилзилаҳои ахир комиссияи вижаи ҷумҳуриявӣ таъсиси шудааст.
Комиссия бо дастури раисҷумҳури кишвар таҳия шуда, вазифаи он ҳаҷми хисороти заминларзаро муайян ва бартарафсозии он мебошад, хабар медиҳад, АМИТ "Ховар".
Ба иттилои манбах раҳбарии онро сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба зима хоҳад дошт.
Маврид ба зикр аст, ки давоми 12 солати ахир Тоҷикистонро ду заминларзаи шадид такн дод.
Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои аввали соати 01:07 дақиқа дар 132 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт, 30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ рух додааст.
Оғилҳо фурӯ рехту чорво зераш монд: паёмади заминҷунбӣ дар ноҳияи Мастчоҳ - акс
Маркази заминларза 6-7 километр шимол аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ буда, шиддати он дар минтақа 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе 3-4 балл, минтақаи Рашт 4-5 дараҷа ва дар ВМКБ 2-3 баллро ташкил дод.
Ҳамзамон бори дуюм соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ ҷунбиши замин сабт гардид, ки қувваи он 4,8 баллро ташкил дода, марказаш деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи мазкур буд, ки дар пай хисороти молӣ дошт.
Ҷунбиши қишри замин дар умқи 40-километр бо қувваи 4 бал, дар шаҳри Душанбе 1-2 балл ва дар минтақаи Рашт 2 баллро ташкил намуд.
Ба гузоришҳи КҲФ Тоҷикистон, бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.