Русия бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Эрон шудааст

Ба гуфтаи вазорати иқтисод ва молияи Эрон, саҳми Русия аз се ду ҳиссаи сармоягузории мустақими хориҷӣ дар ин кишварро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Русия бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Эрон шуд ва дар соли ҷорӣ ҳудуди 2 миллиарду 760 миллион доллар сармоягузорӣ кард.
Дар ин бора рӯзномаи Financial Times бо такя ба Эҳсон Хандузӣ, раҳбари вазорати молияи Эрон хабар додааст.
"Мо муносибатҳои худро бо Русия ҳамчун стратегӣ муайян мекунем ва дар бисёр бахшҳо, бахусус дар соҳаи иқтисодӣ ҳамкорӣ мекунем",- гуфт вазир.
Ба гуфтаи вай, Русия ва Чин ду шарики аслии Эрон ҳастанд ва дувумӣ тасмим доранд равобити ҳамкориро тавсеа ва амиқтар кунанд.
Решетников: Таваҷҷуҳи сайёҳони Эрон ва Русия ба сафарҳои мутақобила афзоиш ёфтааст
Тибқи ҳисобҳои Вазорати иқтисод ва молия, ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ дар ин кишвар дар соли ҷорӣ 4,2 миллиард долларро ташкил додааст, ки аз се ду ҳиссаи сармоя аз Русия ворид шудааст.
Тавре Хандӯзӣ қайд кард, сухан дар бораи маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаи истихроҷи маъдан, инчунин дар соҳаи саноат ва нақлиёт меравад.
Қаблан вазири иқтисод ва молияи Эрон тасмим гирифта буд, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳои ин кишвар тавсеъаи равобит бо СҲШ ва БРИКС аст.